Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар соли 2025 бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони Сарраёсат баргузор гардид.
Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо вобаста ба натиҷаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа пурсиш намуда, вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ташкили ниҳолхонаҳо, пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷрои босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуд.