Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», дар вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб, муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳакимзода Абдуаҳад ва муовини якуми Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Акрамзода Баҳодур иштирок намуданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар қитъаҳои канори шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе – Чаноқ, ҳамчунин дар шоҳроҳи Деҳмой – Конибодом баргузор гардида, дар доираи он ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.
Ҳадафи асосии иқдоми мазкур ин беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебосозии шоҳроҳҳо, пешгирии эрозияи хок ва фароҳам овардани муҳити солим барои аҳолӣ мебошад.
Татбиқи пайвастаи чунин чорабиниҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа мусоидат менамояд.