26 декабри соли 2025 дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад мошини махсуси чорвокашонӣ супорида шуд, ки ҳар кадоми онҳо имкони интиқоли то 450 сар чорвои хурд доранд.
Маросими супоридани техника бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ҷунайдзода Муҳибулло ва директори Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» Ғазоев Ҳ. баргузор гардид.
Техника дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва тақвияти устувории институтсионалии муассиса харидорӣ ва барои истифода супорида шуд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз поймолшавии заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо ҳангоми кӯчонидани мавсимии чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба зимистона ва баръакс мебошад.
Интизор меравад, ки тадбирҳои андешидашуда ба беҳтар гардидани идоракунии чарогоҳҳо, таҳкими ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ мусоидат намоянд.