Муассисаи давлатии Маркази татбиқи Конвенсияи Стокҳолм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» корҳои тозакунии қитъаро аз пестисидҳои кӯҳнашуда, воқеъ дар деҳаи Куйбешеви ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, бомуваффақият ба анҷом расониданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои гузаронидашуда зиёда аз 156 тонна хокаи камифлосшуда хориҷ карда шуда, ба полигони заҳрхимикатҳои Вахш бо интиқол ёфт ва дар қуттиҳои махсус омодашуда ҷойгир карда шуданд. Инчунин, зиёда аз 1 824 килограмм пестисидҳои холис ҷамъоварӣ, безарар ва дар бочкаҳои махсуси герметикӣ ҷой дода шуда, барои нигоҳдории муваққатӣ ба полигони Вахш ва анбори махсус таҷҳизонидашуда интиқол гардиданд.
Ҳамаи корҳо бо риояи пурраи талаботи бехатарии экологӣ ва санитарӣ анҷом дода шуданд.
Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам овард, ки хавфҳои экологӣ ва санитарӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуда, сатҳи бехатарӣ барои сокинони маҳаллӣ, ки дар наздикии ин қитъа зиндагӣ мекунанд, баланд бардошта шавад.