25 декабри соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва тақвияти дӯстии Тоҷикистону Олмон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар кӯчаи Деҳотӣ зиёда аз 500 бех ниҳолҳои ороишии навъи санавбар шинонида шуд.
Ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати мутахассисони соҳа сурат гирифта, бо талаботҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ҳамасола тибқи нақша маъракаи ниҳолшинонии густурда идома ёфта, тамоми ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва шахсони алоҳида ҳиссагузорӣ менамоянд.