Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои марҳилаи навбатии солҳои 2026–2030-ро таҳия намуд, ки 23 декабри соли 2025 муаррифии лоиҳаи Барномаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон, аз ҷумла коршиноси байналмилалӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятнок, механизмҳои амалисозӣ ва такмили муҳтавои Барномаи нав фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои муфид баён намуданд.
Зикр гардид, ки Барномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба муҳити зист, ҷалби аҳолӣ, бахусус кӯдакону ҷавонон, ба ҳифзи табиат ва рушди устувор равона гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои солҳои 2026–2030 хизмат хоҳад кард.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳамаи пешниҳодҳои манзуршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳангоми такмили ниҳоии Барнома ба инобат гирифта мешаванд.