Бо мақсади иҷрои нақшаҳои созандаву бунёдкорона, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Истиқлол 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд.
Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва ба ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.