Дар иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!» аз шаҳру ноҳияҳо сокинон фаъолона иштирок доранд.
Аз тарафи сокини шаҳри Бӯстон акси хазонҳои ҷамъшуда ва партовҳои маишӣ дар кӯчаи Киров ба мессенҷери Сарраёсат ирсол шуда, дар натиҷа таҳти назорати бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ва масъулини КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» пурра тоза карда шуд.
Телефони боварӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад.
Шаҳрвандони гиромӣ, ба тозагиву ободии ҳар як гӯшаи ватанамон бетараф набошед!