16 декабри соли ҷорӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пахши мустақим аз тариқи мониторҳо тамошо намуданд.
Ҳамзамон, чунин ҷамъомадҳо ба хотири тамошои паём дар мақомоти зерсохторӣ ва муассисаҳои зертобеи Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ баргузор гардиданд.
Дар паёми худ Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои дигари муҳими вобаста ба рушди давлату ҷомеа, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи талошу пешниҳодҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла 12 декабр аз ҷониби Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) пас аз иҷлосияи ҳафтуми Ассамблеяи мазкур дар қароргоҳи ЮНЕП дар Найроби Кения қатънома таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул гардид.
Ҳадафи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди устувори кишвар, таҳкими заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда ва ҷалби тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба иҷрои босамари вазифаҳои стратегии миллӣ мебошад.
Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист нуктаҳои муҳими паёмро ҳамчун дастури амал қабул намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, бахусус дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори экологӣ изҳор менамоянд.