Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Атлас бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази экологии ҷавонон" ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии омӯзишӣ таҳти унвони "Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон" доир гардид.
Бо намояндагӣ аз мақомоти давлатӣ, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саъдулло Сабурзода сухани ифтитоҳӣ намуда, иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим дар ҳоли ҳозир яке аз мушкилотҳои глобалӣ дар ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, тамоми давлатҳои дунёро нигарон кардааст.
Дар чорабинии омӯзишӣ намояндагони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун иштирок намуданд. Тавре масъулини ташкилоти ҷамъияти "Маркази экологии ҷавонон" дар ҷараёни чорабинӣ иброз намуданд, ҳадафи лоиҳа огоҳии бештари аҳолӣ махсусан сокинони шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда буда, бо ин васила ҷавонон тавониста бошанд, бо баланд бардоштани маърифати экологии худ ва иттилооти бештар пайдо намудан ба раванди тағйирёбии иқлим таъсиррасон бошанд.
Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, кишоварзӣ, сиҳатии омма, олами набототу ҳайвонот таъсиррасон гашта, дар сурати наандешидани тадбирҳои судманд ба ҳаёти инсон таҳдид менамояд.
Албатта дар ин самт бояд ҷавонон нақши муҳим дошта бошанд ва дар татбиқи ҳадафҳои хеш аз технологияҳои муосир истифода намоянд.