Ҳангоми амалиёти навбатии назоратӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот дар ҳудуди минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент барои сайди ғайриқонунии парандаи хушхони саъба нисбати ду нафар шаҳарванд тибқи талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ва моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд, чункӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати онҳо чорҷӯӣ карда мешавад.
Баръакс бо ҳисси Ватандӯстию табиатдӯстӣ дар фасли зимистон ба ҳайвоноти нодири кишвар хӯрок дода, аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд!