Рӯзи 11 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Зарурати рушди эковолонтёрӣ дар Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии куҳҳо баргузор шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 20 эковолонтёри донишгоҳҳои пойтахт иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси Кумита Шукурзода И. суханронӣ намуда, волонтёриро ҳамчун арзиш ва намунаи баланди фарҳанги шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва иқдоми Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таъсиси “Клуби Волонтёрони экологӣ”-ро истиқбол намуд. Соҳиби сухан таъкид намуд, ки эковолонтёрон ҳамчун шарикони боқимонда дар ҳифзи табиати нодири Тоҷикистон саҳми калон доранд ва метавонанд дар тарғиби ҳифзи муҳити зист ва рушду тавсифи гуногунрангии табиат илҳом бахшанд.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин масъалаҳои Рӯзи байналмилалии куҳҳо, фаъолияти маҳфили эковолонтёрони Кумита дар соли 2025, дурнамо, мушкилот ва нақшаҳои соли 2026 баррасӣ шуданд. Чор нафар – Саидова Ҳусноро, Салимов Салимҷон, Раҷабова Марҳабо ва Наврузов Абдумалик – барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои экологӣ бо Сипосномаҳои Кумита сарфароз гардонида шуданд.