11 декабри соли 2025 дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон маросими ба истифода супоридани манораи нави обтаъминкунӣ бо ҳаҷми 20 000 литр баргузор гардид. Ин иншоот барои таъмини аҳолии деҳаи Фуругдеҳ бо оби тозаи нӯшокӣ бунёд шудааст. Бо ба истифода…
11 декабри соли 2025 дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон маросими ба истифода супоридани манораи нави обтаъминкунӣ бо ҳаҷми 20 000 литр баргузор гардид. Ин иншоот барои таъмини аҳолии деҳаи Фуругдеҳ бо оби тозаи нӯшокӣ бунёд шудааст.
Бо ба истифода додани ин манора беш аз 1000 сокин, аз ҷумла 501 кӯдак, ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Об аз чуқурии 200 метр гирифта мешавад, ки сифати баланд ва устувории таъминотро таъмин мекунад. Айни замон 129 оила ба шабакаи нави обтаъминкунӣ пайваст шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуданд.
Дар ҳудуди деҳаи Фуругдеҳ қаблан маркази бузурги нигоҳдорӣ ва тақсимоти маводи кимиёвии РНПО «Тоҷикселхозхимия» ҷойгир буд.
Дар ин мавзеъ 4 анбор барои нигоҳдории заҳрхимикатҳо ва нуриҳои минералӣ фаъолият мекард.
- Дар охири солҳои 1980 яке аз анборҳо оташ гирифта, зиёда аз 1000 тонна боқимондаҳои заҳрхимикат дар ҳудуд дафн карда шуданд.
- Айни ҳол танҳо як анбор боқӣ мондааст; аз се анбори дигар танҳо асосҳои биноҳо дида мешаванд.
Вазъи кунунӣ ва мушкилоти экологӣ
- Дар ҳудуд 3 нуқтаи дафн бо ҳаҷми тахминии 2000 м³ (тақрибан 3000 тонна) боқимондаҳои пестисидҳо ва масолеҳи сохтмонии ифлосшуда муайян карда шудааст.
- Ҳаҷми тахминии хокҳои ифлосшуда тақрибан 20 000 м³ (то 30 000 тонна) мебошад.
- Масоҳати умумии қитъа 6 гектар, ки аз он тақрибан 2 гектар ифлос шудааст.
- Барои пурра тоза кардани ҳудуд эҳтимолан 3–4 хонаи истиқоматӣ бояд кӯчонида шаванд.
- Арзиши тахминии корҳои пурраи тозакунӣ 1,5–2 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад.