10 декабри соли 2025 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷамъомади маърифатӣ ва омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони сохторҳои дастгоҳ ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифат оид ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон, нақши онҳо дар рушди устувор ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити солим буд. Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ҳуқуқ ба муҳити зисти тоза низ яке аз ҷузъҳои муҳими ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор рафта, иҷрои меъёрҳои ҳуқуқӣ ва риояи талаботи экологӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро тақозо мекунад.
Муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода зимни суханронии худ ба аҳаммияти ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар ҳифзи табиат, пешгирии ифлосшавӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа ишора намуданд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулони бахши ҳуқуқи Кумита оид ба мавзуи мазкур маърӯзаҳо карда шуда, зимнан саволу ҷавоб ва мубодилаи таҷриба сурат гирифт.