Дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон семинар оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавзуи «Технологияҳои сабз» баргузор гардид.
Дар кори семинар сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, коршиносони барномаи GEFF-II бо ҷалби фаъолон, соҳибкорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, барқ, об, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, занони соҳибкору ҳунарманд ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти семинар аз тарафи коршиносони барномаи GEFF-II муаррифии пурраи барнома ва технологияву маҳсулотҳои «сабз», ки ба сарфа намудани неру, об ва захираҳо мусоидат менамоянд, бо нишондоди ҳаҷми бозгашти маблағҳо барои ҳар як технология гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, норасоии об мунтазам рӯ ба таназзул овардани заминҳои корами кишоварзӣ бо мақсади мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим барномаи GEFF-II бо роҳи пешниҳоди ҳавасмандиҳо барои марҳила ба марҳила гузаштани аҳолии кишвар ба технологияҳои сарфакунандаи обу неру ва захираҳои табиӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодааст.
Ҳамчунин доир ба як қатор технологияҳои муосири сарфаҷӯӣ, аз ҷумла технологияҳои гарминигоҳдорӣ, обёрии самаранок, идоракунии устувори замин, кишоварзии устувор, технологияи нигоҳдории маҳсулот, нақлиёти барқӣ, манбаҳои алтернативии энергия, техникаи кишоварзии сарфаҷўӣ ва равандҳои технологие, ки барои сарфа намудани нерӯ мусоидат менамоянд, маълумоти муфид ва имкониятҳо муаррифӣ карда шуданд.