9 декабри соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита, муовинони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳа ва ҳайати Комиссия иштирок намуданд.
Вобаста ба масъалаи якум ва чоруми рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр доир ба тасдиқ намудани номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда ва манъшуда гузориш дод. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои дигар гузориши директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» Улуғов У. шунида шуд.
Раиси Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ доир ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи рақамии бақайдгирии моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.