Бо мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудан аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд 8 адад камераҳои назоратии маҷозӣ насб карда шудааст.
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми 2 моҳ барои дар ҷойҳои ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ нисбати 15 нафар сокинони шаҳр тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудааст.