Ҳангоми амалӣ намудани назорати давлатӣ нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар роҳи Исфара–Лаккон худсарона буриши дарахтро ошкор намуданд.
Нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Кулканд Икромов Содир мутобиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.