Корҳои тозакунии қаламрави анбори собиқи пеститсидҳо дар деҳаи Бобиободи ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён оғоз ёфтанд. Ин макон солҳои тӯлонӣ манбаи таҳдиди эҳтимолӣ ба саломатии одамон ва муҳити зист боқӣ монда буд.
Тозакунӣ дар доираи лоиҳаи ЮНЕП/ГЭФ GEF 9421 «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» амалӣ карда шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист тамоми чораҳоро меандешанд, то захираҳои кӯҳнаи пеститсидҳо бехатар бартараф карда шаванд ва хатарҳои экологӣ барои аҳолӣ коҳиш дода шаванд.
Инчунин, дар байни аҳолии маҳаллӣ маъракаи васеи иттилоотӣ доир ба мумомилоти эҳтиёткорона бо моддаҳои заҳролуд гузаронида шуда истодааст.