5 декабри соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии бо иштироки намояндагони роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Хизмати шарафмандонаи волонтёрон барои ободии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода сухани табрикотӣ ироа намуд.
Зимни суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳаракати волонтёриро яке аз ҷузъҳои муҳимтарини сиёсати давлатии экологӣ медонанд. Аз ҷониби роҳбарияти Кумита маҳфили эковолонтёрон соли 2022 таъсис гардида, баҳри рушду дастгирии маҳфил пайваста барномаҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад, аъзои маҳфили эковолонтёрон дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Эковолонтёрон бо ташаббусҳои худ, аз қабили аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», маъракаҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи кам кардани партов ва зиёд кардани ниҳолшинонӣ, ба ҷомеа дарси амалии ғамхорӣ ба табиат медиҳанд.
Ҳамзамон, И. Шукурзода ёдовар шуд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ бо мақсади бештар доир намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ, дастгирии иқдомҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис гардид.
Қобили зикр аст, ки таъсиси клуб дар робита ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи маърифати экологӣ замина мегузорад.