Санаи 27–29 ноябри соли 2025 30-юмин Иҷлосияи навбатии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур таҷрибаи Тоҷикистон доир ба Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологӣ, ки аз байни 56 давлати аъзои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) нахуст қабул гашт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози Иҷлосия паёми видеоии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон доир ба таҷрибаи кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист ва моҳияту аҳамияти Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологӣ намоиш дода шуд.