29-уми ноябри соли ҷорӣ дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва фурӯши картошка баргузор гардид, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ба номоиш ва фурӯш гузошта шуданд.
Дар ҳамоиши мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур дар баробари дигар ниҳодҳои масъул Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироки фаъол намуд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур кишоварзон картошкаро бо нархи дастрас ба фурӯш гузоштанд.
Картошка яке аз ғизои муфиду асосӣ ба ҳисоб рафа, дар кишвари мо намудҳои гуногуни он парвариш мешавад. Ин рустании серғизоро дар бештари хӯрокҳои миллӣ истифода мебаранд.