27–28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Стратегияи минтақавӣ роҷеъ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, инчунин ташкилотҳои минтақавии манфиатдор баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Суннатулло Пиров Стратегияи мутобиқшавии минтақавиро як қадами муҳим ба пеш ҳисобида, иброз намуд, ки Стратегия чор ҳадафи асосиро дар бар мегирад, ки онҳо иборат ҳастанд аз; тақвияти ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва эҷоди механизмҳои устувори ҳамкорӣ; таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои мутобиқшавӣ, ҷалби маблағгузорӣ, аз ҷумла Фонди иқлими сабз ва дигар механизмҳо; тақвияти иқтидори мутобиқшавӣ, мубодилаи дониш ва рушди ҳамкории илмӣ ва густариши мониторинги иқлим, мубодилаи иттилоот ва системаҳои пешгӯикунӣ.
Гурӯҳи кории минтақавӣ соли 2024 дар заминаи барномаи “Осиёи Марказии сабз” таъсис ёфта, ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Стратегияи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То ин давра ҷаласаҳои Гурӯҳи кории минтақавӣ дар шаҳрҳои Алмаато, Тошканд, Бишкек ва Ашқобод баргузор гардидаанд.
Дар ҷаласаи панҷум чунин мавзуъҳои муҳим, аз қабили ҳисобот оид ба татбиқи Стратегияи минтақавӣ роҷеъ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (СМРМТИОМ) дар давраи солҳои 2024 -2025 оид ба ҳар як вазифаи стратегӣ, пешниҳод ва баррасии лоиҳаи нақшаи татбиқи СМРМТИОМ, таклифу пешниҳодҳои кишварҳо доир ба фаъолияти минбаъдаи Котибот ва муҳокимаи имконоти маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи амали СМРМТИОМ мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Инчунин, намояндагони шарикони рушд низ дар бораи лоиҳаҳои минтақавиашон барои соли 2026 маълумот доданд.