Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзуи «Татбиқи ҳадафи сеюми Конвенсияи Орхус – дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Мизи мудаввар дар натиҷаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мусоидати шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба амал омада, дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои вилоятию шаҳрии мақомоти суд ва прокуратура, Раёсати адлия, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳифзи ҳуқуқи инсон, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2001, №594 ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ шуда, дар айни замон ҳамчун воситаи муҳими пешбурди Конвенсия дар кишвар, бо мақсади татбиқи он ва таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 5 марказҳои Орхус дар амал мебошанд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, Конвенсияи Орхусро, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро нисбат ба муҳити зист эътироф мекунад, қадами муҳиме ба пеш дар соҳаи ҳифзи муҳити зист меҳисобад.
Бинобар он, ҳамасола дар миқёси вилоят чорабиниҳои зиёде, ки асосан ба ду ҳадафи аввали Конвенсияи Орхус – оид ба дастрасӣ ба иттилоот ва иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо алоқамандӣ доранд, ташкил ва гузаронида мешаванд.
Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомоти қудратӣ ташкил гардида, дар баробари баромаду презентатсия ва муҳокимаи онҳо, барои вусъати фаъолияти минбаъда доир ба мавзуъ таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон шунида шуд.