26 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори навтаъйиншудаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Ветсел баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои муштаракро дар самти муҳити зист, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба нашр расонидани Китоби сурх баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ва татбиқи энергияи “сабз” дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас мебошад.
Дар интиҳои мулоқот раиси Кумита Шерализода Б. А. ба хонум Сабина Олтхоф, ки фаъолияти он кас дар вазифаи болозикр дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон барору музаффариятҳо таманно намуд.