Дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур матни табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба солгарди Рӯзи Парчами давлатӣ қироат гашта, аз ҷумла қайд гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ ва ифтихори миллат аст. Хоса зикр гардид, ки таҳти роҳнамоию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидию ягонагии мардуми шарифи тоҷик кишвари мо бо ифтихори ватандорӣ зери парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Парчами давлатӣ имрӯз зиннатбахши маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат ва мақомоту муассисаҳои кишвар, ғолибиятҳои мусобиқаҳои варзишӣ буда, дар созмону ҳамоишҳои байналмилалӣ аз давлати комилҳуқуқ ва ташаббускору пешоҳанг будани Тоҷикистон дар масъалаҳои гуногуни барои халқу миллатҳои ҷаҳон муфид шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, алоҳида кормандони Кумита бо суханони табрикотӣ баромад намуда, Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар арзёбӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳоии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишварамон мусоидат менамояд.