18 ноябр дар шаҳри Белени Бразилия чорабинии сатҳи баланд дар доираи Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-30) бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи сатҳи баланди «Ҳадафҳо барои обшавии ях» (AMI), ки ба талафоти босуръати криосфераи ҷаҳонӣ бахшида шудааст, баргузор гардид.
Чорабиниро президенти COP-29 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтор Бабаев ва вазири муҳити зист, энергетика ва иқлими Исландия Йоханн Палл Йоханнссон ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки ҳифзи пиряхҳо ва пӯшиши барф калиди таъмини устувории захираҳои об, ҳифзи соҳилҳо, пешгирии хатари тағйирёбии хатарноки иқлим ва нигоҳ доштани тавозуни экологӣ мебошад.
Олимони пешбар маълумоте пешниҳод карданд, ки обшавии криосфера нисбат ба пешгӯиҳои қаблӣ зудтар рух медиҳад ва дар бисёр минтақаҳо аз ҳадди мутобиқшавӣ зиёдтар аст.
Сипас бо иштироки вазирон ва намояндагони Чили (Вазорати муҳити зист), Шоҳигарии Монако (Вазорати корҳои ҷамъиятӣ, муҳити зист ва рушди шаҳр), Фиҷӣ (Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлим), Непал (Вазорати кишоварзӣ ва чорводорӣ), Либерия (Агентии ҳифзи муҳити зист), Покистон (Вазорати тағйирёбии иқлим), Бангладеш (Вазорати молия), Гурҷистон (Вазорати муҳити зист) ва Бонки рушди Осиё мизи мудаввар баргузор гардид.
Кишварҳо таҷрибаи худро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр ва дигар хатарҳои марбут ба ноустувории криосферӣ баррасӣ намуданд.
Иштирокчиён зарурати ҳамгироии масъалаҳои криосфераро ба стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ва устуворӣ, бахусус дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи паст кардани ҳарорат то 1.5°C, инчунин тақвияти мониторинг, огоҳкунии бармаҳал ва дастгирии молиявӣ барои кишварҳои осебпазир таъкид карданд.
Дар ин чорабинӣ саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025, ки огоҳии ҷаҳониро дар бораи мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо баланд мебардорад, ба таври махсус таъкид карда шуд.
Чорабинии мазкур бо даъват барои афзоиши ҳадафҳои иқлимии ҷаҳонӣ бидуни истифодаи усулҳои хатарноки геоинженерӣ барои пешгирӣ аз нуқтаҳои гардиши баргардониданашаванда барои пиряхҳо, қабатҳои ях ва ҷараёнҳои уқёнус анҷом ёфт.