Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази Орхус дар якҷоягӣ бо КВД илмиву истеҳсолии «Табиат»-и Кумита бо ҷалби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, аъзои маҳфили эковолонтёрон ва намояндаи Дафтари шуъбаи муҳити зисти САҲА дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Таъмини пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист омили рушди устувори ҷомеа» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 аъзои Конвенсияи Орхус буда, дар робита ба иҷрои уҳдадориҳои ба дӯш вогузоргардида, аз тарафи марказҳои Орхус дар қаламрави кишвар ҳамасола чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи иштирокдорон дар мавзуъҳои «Ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақомотҳои давлатӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ – омили асосии ҳифз ва беҳдошти муҳити зист», «Нақши марказҳои Орхуси Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Адолати судӣ дар ҳифзи муҳити зист: амалишавии принсипи 3 Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешгирии қонуншиканиҳои экологӣ аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе», «Мушкилоти дастрасӣ ба адолати судӣ вобаста ба Конвенсияи Орхус» шунида шуда ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пас аз баррасии маърӯзаҳо иштирокчиёни мизи мудаввар фикру андешаҳои худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мақсади таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва иҷрои принсипҳои Конвенсияи Орхус баён доштанд.