Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи пилотии Котиботи конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокголм «Идоракунии партовҳои пластикӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар резервати биосферии Ромит чорабинии иттилоотӣ-ошноисозӣ барои сайёҳон ва аксияи экологии ҷамъиятиро бо иштироки сокинони маҳаллӣ, кормандони соҳавӣ ва меҳмонон баргузор намуд.
Чорабинӣ ба тавсеаи фаҳмиши аҳаммияти ҳифзи муҳити зист, ташаккули рафтори масъулиятнок ва беҳтар намудани ҳолати умумии экосистема дар ҳудуди резерват равона гардида, ҳамчун як қадами муҳими амалисозии ҳадафҳои лоиҳа хидмат намуд.