Дар шаҳри Белем, Бразилия дар ҳошияи конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30)чорабинии канорӣ дар мавзуи ҷалби маблағгузории иқлимӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси Фонди Иқлими Сабз ва давлати Руанда баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Вазири муҳити зисти Руанда, директори барномаҳои Фонди Иқлими Сабз барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои шарқӣ ва Ховари Миёна, роҳбарони дафтарҳои минтақавии Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (IFAD), Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO), роҳбарон ва намояндагони институтҳои молиявӣ ва тиҷоратӣ аз қитъаи Африка иштирок намуданд.
Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати муҳокимаҳои панелӣ иштирок ва доир ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ, ҳадаф ва афзалиятҳо дар самти амалӣ намудани стратегия ва барномаҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бахусус дар самти кишоварзӣ баромад намуда, аз созмонҳои молиявӣ ва фондҳои махсуси иқлимӣ барои ҳамкорӣ намудан дар амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба паёмадҳои ногувори тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.