Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла баргу хазонҳо манъ мебошад.
Бо назардошти он, ки айни замон фасли хазонрез мебошад, ҳамарӯза дар миқёси мамлакат дар натиҷаи рубучини кӯчаҳо ҳаҷми зиёди баргу хазонҳо ҷамъоварӣ мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар раванди сӯзонидани хазонҳо моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн гардида, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад.
Аз ин рӯ, нозирони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист мунтазам назорати давлатиро оид ба пешгирии хазонсузӣ амалӣ намуда, барои роҳандозӣ намудани тартиби дурусти нобудсозии хазонҳо тавсияҳо медиҳанд.
Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар ин самт назоратро пурзӯр намуда, дар ин давра барои ифлос намудани ҳавои атмосфера 2076 ҳолати қонуншиканиро ошкор ва 2137 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.