Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат, аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷуҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» лоиҳаи Кодекси экологии Ҷуҳурии Тоҷикистонро иборат аз ду қисм (умумӣ ва махсус) бо фарогирии 40 боб ва 570 модда таҳия намуд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Кодекси экологии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар заминаи қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва ҳуқуқшиносони варзида бо дарназардошти таҳлилу омӯзиши давра ба давраи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҷрибаи кшварҳои пешрафта ва таҷрибаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардидааст.
Он ҳамчун, санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсионии дорои хусусияти комплексӣ маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқии дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бавуҷудомада ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табииро ба танзим медарорад.
Лоиҳаи Кодекс барои баррасӣ ва муҳокима ба доираи васеи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи шаҳрвандон шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад.
Аз ин лиҳоз, хоҳишмандон метавонанд, ки доир ба лоиҳаи Кодекси мазкур таклифу пешниҳодҳои худро то 20 декабри соли 2025 ба унвонии Кумитаи ҳифзи муҳити зист манзур намоянд.