Санаи 12-уми ноябри соли равон дар шаҳри Белем, Бразилия дар ҳошияи конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) чорабинии канорӣ таҳти унвони «Арзёбии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба криосфера ва таъсири он ба давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба инкишоф» бо ташаббуси ЮНЕСКО баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба оғози амалишавии қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025–2034»-ро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардиааст, бахшида шуда буд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба муҳиммияти масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳамчун мавзуи муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ қайд карда, аз намояндагони давлатҳои иштирокдор, созмонҳои молиявӣ ва минтақавӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи натиҷаҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, даъват ба амал овард.
Дар чорабинии болозикр сафири Ҷумҳурии Фаронса оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, роҳбарони якчанд созмонҳои байналмилалӣ, аз чумла Созмони ҳавошиносии СММ, IPCC, ICCI, ICIMOD, UNOPS вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ташаббусҳои Чумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ намуданд.