12 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Кумита бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода доир гардид, аз тарафи сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майёри адлия Баҳромҷони Бобо масъалаҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суханронӣ карда шуд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ байни намояндаи мақомоти мавриди назар ва иштирокдорон саволу ҷавоби озод сурат гирифта, кормандони соҳавӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳадаф аз гузаронидаи чорабинии мазкур, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида гузаронида мешаванд дар он аст, ки талаботи қонунҳо, стратегияи мазкур риоя гашта, бандҳои нақшаи чорабиниҳои дохилии зиддикоррупсионӣ саривақтӣ ва босифат таъмин гардад.