Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти назоратӣ буда, татбиқ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист" -ро таҳти назорати доимӣ қарор додааст.
Ҳамзамон тибқи банди 1-и моддаи 39 қонуни мазкур иҷрои корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст.
Чунончи, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва азназаргузаронии иншоотҳои ҷашнии сохта ба истифода додашуда маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бе гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ иншооти ёрирасони иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки бар хилофи талаботҳои қонуни мавриди назар мебошад. Аз тарафи мутахассисони
Аз тарафи кормандони Сарраёсат нисбат ба шахсони масъули муассиса протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ пешниҳод гардид.