7 ноябри соли 2025 дар шаҳри Белен, Бразилия, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласае, ки ба масъалаҳои маблағгузории иқлимӣ барои Ҳиссаҳои миллии муайяншудаи навсозишуда (НАММ 3.0) бахшида шуда буд, дар доираи Саммити роҳбарони ҷаҳонӣ дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-30) иштирок намуд.
Ҷаласаро Дабири кулли СММ ҷаноби Антониу Гутерриш ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия ҷаноби Луис Инасиу Лула да Силва ифтитоҳ намуда, зарурати таъҷилии иҷрои ӯҳдадориҳои кишварҳо тибқи Созишномаи Париж ва гузариш ба ҳадафҳои баландтари НАММ 3.0-ро таъкид карданд.
Дар суханронии худ Баҳодур Шерализода зикр намуд, ки Тоҷикистон аввалин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки НАММ 2.0-и худро пеш аз COP-26 дар шаҳри Глазго соли 2021 ба Секретариати Конвенсияи чаҳорчӯбии СММ оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуда, ӯҳдадориҳои баландтаринро дар минтақа барои коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ӯҳда гирифтааст.
«Тоҷикистон ба иҷрои ӯҳдадориҳои иқлимии худ содиқ мемонад. Мо аллакай нақшаи роҳро барои қабули НАММ 3.0 таҳия кардаем», изҳор дошт Раиси Кумита.
Вай ҳамчунин иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои дар Тоҷикистон андешидашуда, аз ҷумла гузариш ба рушди сабз ва иҷрои пайгиронаи Барномаи давлатии сабзгардонии кишвар то соли 2040, ки тибқи он шинонидани 2 миллиард дарахт пешбинӣ шудааст, маълумот дод.
Дар анҷоми суханронии худ Баҳодур Шерализода аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки дастгирии ташаббусҳои иқлимии Тоҷикистонро тақвият бахшанд. Ӯ махсус таъкид намуд, ки ҷумҳурӣ омода аст нақши калидӣ дар декарбонизатсияи минтақа бозад, бо содироти нерӯи тозаи “сабз” ба кишварҳои ҳамсоя, ки ин ба коҳиши умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат хоҳад кард.