5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вазоратҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва намояндагони шарикони рушд, агентиҳои ҳамкироҳои байналмилалии Олмон, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Ташкилоти байналмилалӣ оид ба рушди иҷтимоии Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи мазкур дар ҳошияи баргузори Шӯрои машваратии Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир гардида, дар он масъалаҳои саҳми Тоҷикистон дар «Рӯзномаи байналмилалӣ 2030», дастгирии иҷтимоӣ, ва дастрасӣ ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, экосистемаҳои табиӣ, омодагиҳо ба конфронси тарафҳои Конвенсии қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим КОП-30 ва нақши Комиссия дар иҷрои барномаҳои миёнамуҳлати экологӣ баррасӣ гардиданд.
Инчунин, зимни ҷаласа Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардида, нақши он дар идоракунии замин бо назардошти омилҳои мураккаб ва иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то давраи соли 2030-ро татбиқ менамояд.
Қайд гардид, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, мамлакати мо бо сабаби кам будани ҳаҷми чунин партовҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дошта, 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мегардад ва давлати мо аз рӯи фоизи «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Зимни ҷаласа баромадкунандагон аз ташаббусҳоии байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обӣ ёдовар шуда, барои идомаи талошҳояшон ҷиҳати рушди ҳамкории созанда дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим таъкид намуданд.