4 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Руми»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0) баргузор шуд, ки онро Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ташкил намуд.
Дар ҷаласа самтҳои авлавиятноки Тоҷикистон барои такмили NDC 3.0, ташаббуси Climate Promise, инчунин лоиҳаи нақшаи роҳ оид ба омодасозии саҳми навсозишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласа қадами муҳим дар самти ҳамоҳангсозии равишҳо, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва муайян намудани қадамҳои пайдарпай ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иқлимии кишвар гардид.