Дар доираи иҷрои банди 34-и нақшаи чорабинии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» ва сархати 4, банди 2-и қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе озмун дар мавзуи «Муҳити солим-қарзи шаҳрвандии мост» байни рӯзноманигорон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷамъомад вобаста ба қадрдонии ғолибони озмун доир гардид, ки аз тарафи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Назирзода Абдуқодир ба як гурӯҳ рӯзноманигорон диплом ва мукофотҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Гуфта шуд, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма тақвият мебахшад.