Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дӯстдорони давидан ва волонтёрони экологӣ дар шанбегӣ-экоплоггинг дар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат намуданд, ки ин ташаббус дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт.
Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оғоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии партовҳо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд.
Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси ватандӯстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд.
Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён, тақдими тӯҳфаҳо ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Бахусус дастаҳои оилавӣ, ки аз ҳама бештар партов ҷамъоварӣ намуданд бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.
Боиси хурсандист, ки баҳри беҳдошт ва тозагии муҳити атроф хоҳиш ва ташаббуси дустдорони табиат ва фаъол, ки мутахассисони пешбари соҳаи худ мебошанд, ба ҳам меоянд.
Созмондиҳандагон ба шариконе, ки дар ташкили ин чорабинӣ саҳм гузоштанд - Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ҳелветас Тоҷикистон, Котиботи байналхалқии захираҳои Об тар Тоҷикистон, ширкатҳои тиҷоратии Tijorat, Siberian Wellness дар шаҳри Хуҷанд, қаҳвахонаи "Happy Coffee", Маркази омӯзишии Сириус, Муассисаи давлатии "Маркази муҳофизат" изҳори сипосмандӣ ва боварӣ намуданд, ки ин гуна чорабиниҳо дар оянда низ бо иштироки бештари эковолонтёрон ва нафароне, ки дар тозагиву солимии табиат бетараф нестанд роҳандозӣ мегардад.