4-уми ноябри соли 2025 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид.
Ба кори чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҳусни оғоз бахшида кормандони соҳавиро ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ аз ҷумла қайд карда шуд, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар ва умуман ҳамаи дастовардҳои хурду бузурги мамлакати мо бонизом амалӣ мегарданд.
Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар бо даъвати Кумита дар чорабинии мазкур иштирок ва дар мавзуи «Марҳилаи таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузорӣ» ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи Конститутсияи навин то кунун як қатор ҳуҷҷату санадҳои давлатӣ қабул гардиданд.
Ҳамзамон, доир ба арзиши Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки он баҳри низоми давлатсозӣ, зиндагонии босаодати халқ, ҳуқуқу озодиҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баробарӣ, кору таҳсил, эътиқоди динӣ ва ҳамаи паҳлуҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардида, ба ҳар як шаҳрванд ва сокинони он азизу муътабар мебошад, гуфта шуд.