Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом бахшида ба Иди «Меҳргон» ва ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши омӯзиши табиати диёр, озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид.
Зиёда аз 13 сол шудааст, ки аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд озмуни мазкур гузаронида мешавад ва соли ҷорӣ дар даври вилоятӣ беш аз 350 нафар ғолибони даври аввал аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Шартҳои озмун аз се бахш иборат буда, дар натиҷа дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бахши «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ», Раҳматов Акмал хонандаи синфи 9-и МТМУ-и №6 дар бахши «Ҳимояи рисолаву реферат» ва дар бахши «Видеоролики беҳтарин» хонандаи синфи 7-и МТМУ-и №26 ноҳияи Ҷаббор Расулов Ниёзматова Дилнаво сазовори ҷойи аввал гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин ғолибоне, ки сазовори ҷойҳои намоён шуданд бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки нақши озмуни «Тирамоҳи заррин» дар самти тозаву озод нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ муҳим ва муассир арзёбӣ гардида, ташкил ва баргузории он иҷрои талаботи яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» мебошад.