Бинобар маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо боришот (борон, дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр аз сатҳи баҳр борон бо гузариш ба барф) дар назар буда, бегоҳирӯзии 3 ноябр ва шабонаи 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 9-11º пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар назар аст.
Рӯзҳои 2 то 5 ноябр дар минтақаҳои доманакӯҳию – кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба амал омадани боришот сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 3 то 5 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе (санаи 3 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд) бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, шимолу-ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.