29-30 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва гурӯҳи чорҷонибаи созмонҳои “Саломатии ягона”, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти Ҳайвонот ва Барномаи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) Конференсияи байналмилалӣ оид ба пешгирии пандемия, устувории низоми озуқаворӣ ва саломатии экосистема дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ оғоз намуд. Аз ҷумла, қайд гашт, ки усули «Саломатии ягона» як консепсияи муштарак ва байнисоҳавӣ буда, он робитаи зичи байни саломатии инсон, саломатии ҳайвонот ва муҳити зистро эътироф мекунад.
Сипас, роҳбарияту кормандони вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба оғози барномаи чаҳорчӯбавии минтақавии амалиёти “Саломатии ягона” баромадҳо намуда, заминаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро гузоштанд.
30 октябри соли ҷорӣ дар рафти Конференсия ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии минтақавии ягонаи тандурустӣ (ROHCC) низ баргузор гардид. Шӯрои мазкур вазирон, коршиносон ва шарикони рушдро аз саросари Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист муттаҳид месозад. Конференсия як иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими амнияти саломатӣ, устувории системаи ғизо ва ҳифзи экосистема тавассути усули ягонаи минтақавӣ хоҳад буд.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шукурзода Исфандиёр бо сухани ҷамъбастӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни анҷом бахшида, қайд намуд, ки амалҳои дастаҷамъона дар доираи “Саломатии ягона” барои таъмини ояндаи рушди устувори минтақа мусоидат хоҳад кард.