Рӯзҳои 28-29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳукумат, илм, тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ барои мувофиқа намудани равишҳои таҷдиди Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (СМҲГБ) мутобиқи принсипҳо ва қоидаҳои ҷаҳонӣ ҷамъ омаданд.
Конфронс аз ҷониби Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози миллии Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, баргузор карда шуд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи ташаббуси навсозии вазифаҳои миллӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ (GBF-EAS) амалӣ гардид.
Дар ифтитоҳи Конференсия раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латфизода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Баҳромзода ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акобир Мирзораҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Барномаи Конфронс масъалаҳои баҳисобгирии гуногунии биологӣ дар стратегияҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақши Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамчун механизми сиёсӣ ва методологияи амалии навсозӣ, масъалаҳои маблағгузории устувор – аз арзёбии хароҷоти миллӣ ва бозтақсимкунии субсидияҳо то истифодаи воситаи BIOFIN ва иштироки бахши хусусиро дар бар гирифт.
Бо тасдиқи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он, Тоҷикистон пайваста механизмҳои сиёсӣ ва институтсионалии ҳифзи табиатро рушд дода истодааст, аз ҷумла Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологиро таҳия намудааст. Имрӯз кишвар ба марҳилаи нави таҷдиди стратегияи миллӣ мутобиқ бо ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи глобалии Кунмин-Монреал вобаста ба гуногунии биологӣ то соли 2030 оғоз намудааст.