Дар даврони муосир масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муаммоҳои зиёдшавии партов ва ҳалли бартарафсозии саривақтии онҳо рӯз аз рӯз бештар гардида истодааст. Чуноне, ки дар паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баён мегардад, ба масъалаҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, маҳаллаву ҷамоатҳо, аз он ҷумла шоҳроҳҳо, сари вақт баровардани партовҳо аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд 10 адад мотороллери барқӣ харидорӣ карда шуда, ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.
Ин иқдом қадами нав дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани ҳолати санитариву экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф мусоидат хоҳад кард.