Дар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои асосии дар шароити табии
инкишофёбандаи моҳӣ обанбори Баҳри тоҷик мебошад, ки дар он
чанд навъҳои моҳиҳои гармидӯст сукунат ва инкишоф меёбанд. Дар
мавсими тухмгузорӣ ва давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид
паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб
монда талаф меёбанд.
Тадбири муҳим ва ояндабин, ки тибқи супориши Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи
захираҳои моҳӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти
Суғд каналҳои нав ба воситаи техникаҳо кофта, барои ҳаракати
моҳиҳои дар болооб мондаи Баҳри тоҷик (кӯли Борисовка) дар шаҳри
Конибодом имконият фароҳам оварда шуд.
Мавзеъи болооби Баҳри тоҷик дар аввали баҳор макони
тухмгузории моҳии дар шароити табиӣ инкишофёбанда ва роҳи
ҳаракати онҳо барои ёфтани ғизо мебошад. Дар давраи тирамоҳу
зимистон паст шудани сатҳи об боис ба талафи моҳичаҳо мегардад.
Беш аз як моҳ бо ҷалби техникаҳо ва назорату маслиҳати
мутахассисони Сарраёсат, олимону ихтиологҳо каналҳо тоза ва
роҳҳои ҳаракати моҳичаҳо ташкил карда шуд.
Ҳоло кофтани каналҳои магистралӣ ва пайвасти шохобҳо ба
обанбор ба чанд қисмат тақсим шуда иҷро гардида, корҳои иловагӣ
идома доранд. Ҳар сол бо тавсия ва назорати Сарраёсат то 2 млн.
моҳича барои такрористеҳсол ба дарёи Сир ва обанбори Баҳри тоҷик
сар дода мешаванд. Тадбирҳои кофтани каналҳои мелиоративӣ ва
пайвасти шохобҳо имкони наҷоти миллионҳо моҳича ва афзоиши
захираҳои моҳиҳоро фароҳам меоранд.
Бояд қайд намуд, ки мавзеи болооби "Баҳри тоҷик" бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Парваришгоҳи табии Баҳри тоҷик"
эълон шуда, дар минбаъда рушд додани ин макони табиӣ, барои
афзун намудани олами наботот, парандаю моҳӣ ва ҷонварони ваҳшӣ
мусоидат менамояд.