Санаи 27 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи аъзои маҳфили эковолонтёрони Кумита чорабинии тантанавӣ ҷиҳати супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни эҷодӣ дар мавзуи “Амударё – дарёи ҳаёт” баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аъзои маҳфили эковолонтёрон дар доираи иҷрои банди 41 “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз 10 сентябри соли ҷорӣ озмун дар се номинатсия мақола, видеоролик ва расм эълон гашта буд, натиҷагирӣ карда шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз таъсис гардидани маҳфили волонтёрони экологӣ дар назди Раиси шаҳри Душанбе ба хушӣ пазироӣ намуда, изҳор доштанд, ки ба хотири тозагиву ободии шаҳр ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мегузоранд.
Дар чорабинӣ инчунин масъалаҳои дурнамои фаъолияти экволонтёрони Кумита, таҳияи бандҳои алоҳида барои рушди ҳаракати волонтёрӣ дар Барномаи нави давлатии маърифати экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин, ду нафари аъзои маҳфили эковолонтёрони Кумита Раҷабова Марҳабо барои расми беҳтарин ва Алибахшов Садам барои видеоролики беҳтарин барои иштирок дар чорабинии минтақавӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.