27 октябри соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқоти муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Елена Голуб, сармутахассис-иқтисодҷӣ оид ба муҳити зист ва Ареф Каал, мутахассис оид ба тағйирёбии иқлим, доир ба Стратегияи дарозмуддати рушди партовҳои кам (LT-LEDS) баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ, муовини якуми раиси Кумита аҳаммияти стратегии таҳияи LT-LEDS-ро барои рушди устувори иқлимии кишвар таъкид карда, аҳаммияти мутобиқ кардани стратегияи миллиро бо ташаббусҳои байналмилалии иқлимӣ қайд кард. Ӯ инчунин, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти рушди камкарбон ва ҷалби сармоягузориҳои сабз изҳор дошт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии Стратегияро, аз ҷумла муайян кардани ҳадафи дарозмуддати декарбонизатсия дар бахшҳои афзалиятнок, ҳамгироии чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии бахшҳои осебпазир баррасӣ карданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба таъмини иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва тақвияти иқтидори миллӣ тавассути лоиҳаҳои муштарак ва ҳамкории техникӣ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо, инчунин аҳаммияти ҳамгироии минтақавӣ ва мутобиқсозии стратегияро бо ҳадафҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррароти Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC), ки тибқи он кишварҳо Стратегияи дарозмуддат оид ба декарбонизатсия (LT-LEDS)-ро таҳия ва пешниҳод мекунанд, қайд карданд. Механизмҳои ҷалби дастгирии молиявӣ барои татбиқи LT-LEDS низ баррасӣ шуд. Дар охири мулоқот ҷонибдории пешбурди фаъолонаи ташаббусҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди устувор ва камкарбон тасдиқ карда шуд.