25 октябри соли 2025 дар Меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, танзимгарон, ҷомеаи касбии молиявӣ ва коршиносони байналмилалӣ ва ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон (Securities and Exchange Organization – SEO) Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Пули эътимод ва рушд” баргузор гашт.
Чорабинӣ бо суханронии ифтитоҳии Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур, Ализар Ҳокиян, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктор Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ Раиси Раёсати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфт.
Дар доираи форум мубодилаи таҷриба оид ба танзим, семинарҳо оид ба молияи исломӣ, ESG ва мобилизатсияи маблағгузории “сабз” баргузор гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистон сертификатсияи байналмилалии мутахассисони бозори молиявӣ баргузор шуд.
Шукурзода Исфандиёр дар баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маблағгузории иқлимӣ ва “сабз” метавонад барои ҳар ду кишвар фоидаи муштарак дошта бошад — ҳам дар ҷалби бешатари сармояи хориҷӣ, ҳам дар густариши бозори минтақавӣ.
Табодули таҷриба бо Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мо барои суръат бахшидан ба татбиқи фишангҳои муосири маблағгузорӣ, аз ҷумла фишангҳои исломӣ ва “сабз”, ва баланд бардоштани сифати амалияҳои назоратӣ мусоидат хоҳад кард,” — қайд намуд Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми“Пули эътимод ва рушд” худро ҳамчун платформаи амалии табодули дониш ва таҷриба, ҳамчунин таҳияи қадамҳои мушаххас барои навсозии инфрасохтори молиявии миллӣ муаррифӣ намуд.